Субҳи имрӯз гурӯҳи нахустини зойирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд, хабар медиҳад сухангӯи Кумитаи дин дар Тоҷикистон Афшин Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин гурӯҳи зойиронро раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон гусел карданд.

Зимни суханронии худ раиси Кумита дар баробари таҳният гуфтани зойирон, инчунин таваҷҷуҳи онҳоро ба риояи ҳатмии муқаррароти ҷорӣ дар мавсими ҳаҷ ҷалб намуд.

– Ҳарчанд вазъи марбут ба бемории сироятии коронавирус нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, хатари ин беморӣ ҳанӯз вуҷуд дорад. Дар кишвари мизбони ҳаҷ бо риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ солимии худро ҳифз намоянд, – таъкид дошт Давлатзода.

Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон, сафири Саудӣ дар Тоҷикистон, низ дар суханронии худ оғози дубораи сафарбарнамоии зойирон ба мавсими ҳаҷро рамзи нек хонда, ба ин муносибат зойирони тоҷикро шодбош гуфт.

Дар охири маросими гусел аз ҷониби Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зойирони тоҷик туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь