Нахустин филми Таҳмина Раҷабова ба намоиш гузошта шуджурналист ва ҳунарпешаи синамои тоҷик Таҳмина Раҷабова бо пешниҳоди нахустин филмаш бо забони русӣ  “Обмани себя” ба соҳаи коргардонӣ қадам гузошт. Филми мазкур кӯтоҳметраж буда, 28 дақиқаро дар бар мегирад ва 19-уми декабр, соати 13:00, дар кинотеатри “Зебуниссо”- Душанбе пешниҳоди собиқадорони соҳаи кино, синамогарони шинохта ва журналистон гардид.

Таҳмина Раҷабова айни ҳол донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии умумирусиягии кинематографӣ (ВГИК) буда, филми “Обмани себя”-ро барои ҳимояи кори курсиаш офаридааст. Ӯ мегӯяд “Валерий Бакиевич Ахадов устоди ман дар ин соҳа ҳастанд ва бо супориши он кас ин филмро барои кори курсиам ба навор гирифтам. Сабаби ба устодон ва ҳампешагон пешкаш кардани нахустнамоиш он аст, ки бояд онҳо пас аз тамошо назару ақидаҳои худро дар бораи филм баён кунанд, ин ба ман мактаби таҷриба хоҳад буд. Ман кори худро аллакай тариқи онлайн ҳимоя кардаам”.

Қаҳрамонони марказии филм Хуршед (Хуршед Мустафоев) ва Малика (Мариана Баракбаева), ки дар даврони мактабхонӣ ошиқи ҳам буданд, бо сабаби як нофаҳмӣ аз ҳам дур мешаванд ва ғурур онҳоро намегузорад, ки тӯли солҳои зиёд ба ҳам оянд. Ҳатто аз имконияти дубора тақдимкардаи тақдир ҳам истифода бурда наметавонанд. Боз ҳамон ғурур ин дафъа байнашон ҷудоии абадӣ меандозад.

Пас аз тамошои филм раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод  ҳозиринро даъват кард, то фикру ақидаи хешро дар ба бурду бохти нахустфилми Таҳмина Раҷабова баён кунанд. Аксари тамошобинон ба ҳунари режиссёрии Таҳмина ва ҳайати эҷодии филм баҳои баланд дода, ӯро ба муносибати ин муваффақияташ муборакбод карданд. Аз ҷумла, Манзура Турсунова – рассоми кино маҳорати қаҳрамонони нақшҳои асосиро хеле олӣ арзёбӣ карда, диди тоза доштани Таҳмина Раҷабоваро таъкид кард. Инчунин, аз ҳунари наворбардории наворбардорон низ ёдовар шуд. Ӯ бо тантана эълон кард, ки ба соҳаи филмофарии тоҷик боз як режиссёри соҳибистеъдод қадам гузошт.

Дар охир Таҳмина Раҷабова ба ҳамаи саҳмдорони филм арзи сипос карда, аз ташрифи меҳмонон изоҳори шодӣ кард.

Шодмон Кенҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь