Набимуҳаммад Хоркашов, паҳлавони номдори тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар намуди куштии ҷудо миёни собиқадорон гардид.
Чанд рӯз пеш Набимуҳаммад Хоркашев дар Чемпионати ҷаҳонии куштии ҷудо байни собиқадорон, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб багузор гардид, соҳиби мақоми аввал гардид.
Набимуҳаммад Хоркашев дар ин мусобиқа чор ҳариф – се варзишгар аз Қазоқистон ва як варзишгар аз Ӯзбекистонро шикаст дод ва чемпиони ҷаҳон миёни собиқадорон гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқа 1011 варзишгар аз 68 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 21 паҳлавон байни мардон намояндагӣ карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Набимуҳаммад Хоркашев айни ҳол ба ҳайси директори муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Бохтар фаъолият дорад.