Шоми 26-уми август дар Лас-Вегас «набарди аср» – муштзанӣ миёни чемпиони шикастнопазири бокс Флойд Майвезер ва паҳлавони маъруфи муҳорибаҳои омехта Конор МакГрегор баргузор гардид.
Чуноне коршиносон ҳадс мезаданд, дар ин набард Флойд Майвезер ғолиб омад. Набард дар раунди 10-ум бо нокаути техникӣ ба охир расид. Конор МакГрегор, ки ваъда карда буд кори ҳарифи худро дар чор раунди аввал ба охир расонад, бо тамоми қувват аз пайи ин кор шуд. Майвезер то оғози набард гуфта буд, ки зарбаҳои ҳарифро дар худ қабул хоҳад кард, то тамошогарон ба ваҷд оянд, зеро як тамошои олӣ ба онҳо қарздор аст. МакГрегор ба ваъдааш вафо накард, Майвезер ҳама чизро мувофиқи нақша пеш бурд ва ғолиб омад.
Баъди анҷоми ин набард Майвезер боз як бори дигар эълон кард, ки бознишаста хоҳад шуд. Вай рекорди чемпиони маъруф Рокки Марчианоро шикаст дод. Марчиано дар фаъолияти худ 49 набард карда, бешикаст онҳоро ба охир расонида буд, Майвезер бошад ин нишондиҳандаро ба 50-0 расонд.