Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии таҳияи асоси нави ҳамаҷонибаи таҳкими муносибатҳои дуҷониба шурӯъ намуданд. Музокирот оид ба Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA) бо Тоҷикистон марҳалаи муҳими муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо ин кишвар мебошад, ки бо мақсади ривоҷи самтҳои ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорат, бахшҳои асосии иқтисодӣ, инчунин идоракунӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон равона шудааст.

Созишномаи оянда ҷои Созишномаи кунунии шарикӣ ва ҳамкориро (аз соли 2010 амал мекунад) хоҳад гирифт. Зимни оғози расмии музокирот ҷонибҳо оиди ҷанбаҳои ояндаи раванди музокирот ба мувофиқа расиданд. Интизор меравад, ки даври аввали пленарии музокирот барои баррасии пешниҳодҳои мушаххас оид ба матни созишнома дар баҳори соли 2023 дар Душанбе баргузор шавад.

Гуфтушунидро музокиракунандагони асосӣ ҷаноби Люк Девин, директори Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо (EEAS) оид ба Русия, шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА ва ҷаноби Шараф Шерализода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь