Сар аз имрӯз, 1-уми июл, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнат дар Тоҷикистон боло бардошта шуд. Дар ин баробар, музди маоши ҳадди ақал аз 400 сомонӣ ба 600 сомонӣ баланд гардид. Сокинон бошанд, аз ин нигаронӣ доранд, ки дар чандрӯзаи баъдӣ нархҳо дар кишвар боз баланд мешавад.

Дар асоси фармони президент, ки дар 13-уми январи соли равон ба имзо расида буд, имрӯз маоши ҳамаи кормандони идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоти буҷетии Тоҷикистон 20 дарсад зиёд карда шуд.

Дар ин қатор ҳама гуна стипендияи донишҷӯён 20 дарсад баланд бардошта шуд.

Ҳамзамон, нафақа барои кӯдакони ятим 25 дарсад зиёд гардид.

Бо ин фармон, музди маоши ҳадди ақал аз 1 июли соли 2022-юм 50 дарсад афзоиш ёфта, ба 600 сомонӣ расонида шуд. То имрӯз музди маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медод.

Дар ин ҳол, сакинон аз гаронии нарху наво дар бозорҳои кишвар нигаронӣ доранд. Дар баробари зиёд шудани музди меҳнат дар Тоҷикистон ҳама гуна нархҳо дар кишвар боло бардошта мешаванд.

Адиба, як сокини пойтахт, имрӯз дар Бозори “Меҳргон” ба хабарнигори “Фараж” гуфт, дар чандрӯзаи баъдӣ маҳсулот дар кишвар боз гарон шавад.

– Масъулин аз имрӯз бояд назоратро дар тамоми намуди маҳсулот, махсусан хӯрокворӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монанд. Аммо бо зиёд шудани музди маош, фикр мекунам, дар чандрӯзаи меомада нархҳо комилан тағйир мекунанд ва боз баланд мешавад, – гуфт ӯ.

Аммо фурӯшандаи дигари ин бозор, ки аз худ ном нагирифт, ба “Фараж” гуфт, ҳеч гаронишавии нархҳоро дар бозорҳои кишвар пешбинӣ намекунад.

Ӯ афзуд, “аслан, дар Тоҷикистон аксар баланду паст шудани нархҳо ба қурби доллар вобаста аст. Он ҳам ҳоло тағйир накардааст ва паст мешавад. Аз ин рӯ, дар ин моҳҳои наздик ҳама гуна нархҳо шояд бетағйир монанд”.

Ёдовар мешавем, аз 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон музди маоши низомиён 25 дарсад ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 % боло бурда шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь