Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) – Агентии СММ доир ба муҳоҷират ба бозгашти амни 600 муҳоҷири тоҷик, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат кард.

Муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла, занону кӯдакон ва донишҷӯён аз гузаргоҳи марзии Жибек Жолии Қазоқистон тавассути хоки Узбекистон ба Тоҷикистон баргаштанд. Ин ибтикор дар ҳамоҳангии наздик бо ҳукуматҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон сурат гирифт.

Аз 3-юми июн сар карда, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, бахше аз онҳо ҷавонон, занон ва кӯдакон, ки бо шӯъюи бемории фарогири COVID-19 дар Қазоқистон дармонда буданд, ба сарҳади Узбекистон рафтанд ва умед доштанд, ки ба ватан бармегарданд. Бархе аз онҳо дар шароити сабрзудо дар марз бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ, зери хатари гирифторӣ ба COVID-19 муддате қарор доштанд. Бо сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм интизор мешуданд. СБМ онҳоро бо об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ таъмин менамуд.

Ҳукумати ИМА ба муҳиммияти ҷилавгирӣ аз густариши COVID-19, ҳимояи саломатии ҷомеа ва ҳуқуқи муҳоҷирон дар кишварҳои мизбон, интиқол ва ватани аслиашон таъкид менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь