3-юми декабри соли равон дар деҳаи Шербегиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод мусобиқаи мини-футбол байни хонандагони чаҳор мактаби миёнаи ин ҷамоати дурдаст баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150 хонандаи синфҳои 10 ва 11 иштирок карданд.

Ғолибони мусобиқа бо нишонҳо ва либосҳои варзишӣ қадрдонӣ карда шуданд. Чорабинии мазкур дар доираи конкурси микрогрантҳои Ассотсиатсияи рӯзноманигорон “Медиа Алянси Тоҷикистон” ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз ҷониби дафтари Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Canada маблағгузорӣ мешавад. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила дур кардани онҳо аз ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь