1-уми декабри соли 2023. Сервиси Янедкс Мусиқӣ (Яндекс Музыка) тавсияҳое эҷод мекунад ва маҳсулоти пешниҳодии тозаеро перомуни кашфи мусиқии нав эҷод мекунад, ки ба корбарон эҳсосоти возеҳтару ба ҳунармандон шунавандагони вафодори бештаре медиҳад.
Марҳалаи аввали тағйиротӣ, ки дар ин сервис рух додааст, ин гузариш ба як модели тавсияи нав бо истифода аз шабакаҳои амиқи нейронӣ дар «Моей волне» (“Мавҷи ман”) ва модернсозии бахшҳои аслии барномаҳои телефони ҳамроҳ аст. Илова бар ин, сервис платформи бренд, рамз ва ҳуввияти визуалии худро нав кардааст. Акнун, дар лаҳзаҳое, ки сервис ба кадом мусиқӣ тарҷеҳ додани шунавандаро ҳадс мезанаду дақиқан мусиқии мавриди ниёзро пахш мекунад, онҳо эҳсосоти шунавандаро беҳтар инъикос мекунанд.
«Яндекс Мусиқӣ муддати тӯлонӣ чизе бештар аз як каталоги азими оҳангҳо буд. Бо ифтитоҳи «Мавҷи ман» дар соли 2021, мо мехостем, ки чӣ гуна ба шунавандагон тавсия додани он чизеро, ки барои онҳо мувофиқ аст, омӯзем ва зарурати мустақилона ҷустуҷӯи мусиқии ба онҳо маъқулро аз байн бибарем. Ва мо муваффақ шудем – ба гуфтаи нисфи зиёде аз шунавандагони онлайн-мусиқӣ, мо нисбат ба дигарон дар афзалиятҳои мусиқии онҳо дақиқтар ҳастем*. Акнун мо мехоҳем боз ҳам пеш равем: мехоҳем бо тавсияҳое, ки мегирем, мусиқиро ба манбаи бепоёни руҳбаландӣ ва илҳом табдил диҳем, то ба шунавандагон нерӯи ҳаракат кардан ба сӯи он чизе, ки дар ҳақиқат мехоҳанд, дода бошем ва ба ҳунармандон ҳамон роҳеро боз кунем, ки дар он шунавандагони аслии онҳо ҳастанд. Бренд ва намуди визуалии нав моҳияти Яндекс Мусиқии муосирро инъикос мекунад – сервисе, ки ҷаҳони мусиқии шахсии илҳомбахшандаро эҷод мекунад», – мегӯяд Александра Сагалович, роҳбари Яндекс Мусиқӣ.

Системаи ҳушманди тавсиявии “Мавҷи ман” ҳоло шабакаҳои амиқи нейронро истифода мекунад, то бифаҳмид, чӣ гуна завқи мусиқии корбарон рушд мекунад ва имконоти эҳтимолии рушди онҳоро пешгӯӣ мекунад. Ин ба «Мавҷи ман» имкон медиҳад, ки нисбат ба худашон се маротиба бештар ҳунармандони дӯстдоштаи навро барои шунавандагон кашф кунад.

“Талаботи одамон дар мусиқӣ собит нест. Бо мурури замон онҳо метавонанд бо пӯёиҳои гуногун тағйир кунанд. Масалан, баъзан одамон ба як ҳунарманд ё жанри муайян «ошиқ» мешаванд, вале ин дилбастагӣ зуд мегузарад. Ва намунаҳои дигар вуҷуд доранд – вақте шахс мусиқии дӯстдоштаи худро пайдо мекунад, муддати тӯлонӣ онро мешунавад. Афзалиятҳои ӯ бо маром тағйир меёбанд, ӯ тадриҷан аз як жанр ба жанри дигар мегузарад, аксар вақт ҳатто онро пайхас намекунад. Ҳамин тавр, бо таҳлили таърихи гӯш кардан, пайдарпайии оҳангҳо ва дигар омилҳо, «Мавҷи ман» акнун қодир аст, ки самти рушди завқи мусиқии шахсро дарк кунад ва ба чӣ бартарӣ додани ӯро пешгӯӣ кунад. Ин ба кори моделҳои забонии муосир, аз қабили Yandex GPT, монанд аст, аммо дар заминаи мусиқӣ», – гуфт Александр Сафронов, раиси бахши тавсияҳои Яндекс Мусиқӣ.

Ҳамзамон, бахшҳои асосии сервис нав карда шуданд. Сафҳаи аслии Яндекс Мусиқӣ ҳоло комилан фардӣ карда шудааст. Он ҳоло дастарасии зуд ба маҷмуаи оҳангҳо, таърихчаи гӯшкунӣ ва мавҷи ман барои жанрҳои дӯстдошта дорад ва инчунин бахшҳои «‌‎В стиле» (Дар сабк) ё «Встретились в Моей волне» (Дар Мавҷи ман вохӯрдем) илова карда шудааст, ки дар он шумо метавонед ҳунармандеро пайдо кунед, ки шунаванда онро ба шарофати системаи тавсияҳои шахсӣ кашф кардааст. Дар бахши навшудаи Коллексия (Маҷмуи оҳангҳо), як бахши “Мавҷи ман” дар асоси мусиқии ҷамъовардаи худи корбар ба кор шуруъ кард. Дар ин ҷо система оҳангҳоро аз тамоми бахшҳои мусиқии маҷмуи оҳангҳои (коллексияи) корбар пешниҳод мекунад ва инчунин онҳоро бо навъҳои нав, ки сабк ва садои шабеҳ доранд, пурра мекунад. Ин барои ба даст овардани оҳангҳои нав дар асоси маҷмуи оҳангҳо ва ба ин васила васеъ кардани он кӯмак мекунад.

Самти асосии рушди сервис дар сабкии нави визуалии Яндекс Мусиқӣ инъикос ёфтааст. Дар логотипи нав, сервис аз рамзҳои маъмули мусиқӣ (нотаҳои мусиқӣ) даст кашид. Унсури графикии марказӣ як импулси дурахшон аст, ки рамзи лаҳзаи илҳоми корбар аз мусиқии барои ӯ бодиққат интихобшударо таҷуссум мекунад.

Таҳияи симои нав аз ҷониби гуруҳи тарроҳии воҳиди тиҷоратии Яндекс “Плюс Фантех” дар ҳамкорӣ бо тарроҳи рус Вадик Мармеладов, бюрои тарроҳии Щука ва инчунин фонтстудияи Contrast Foundry анҷом дода шуд. Вазифаи аслии тим таҳияи сабки нав буд, ки на танҳо амалкард, балки арзиши асосии эҳсосии сервис – илҳомбахшии шунавандагон барои эҳсоси маҳз ҳамон мусиқиро инъикос кунад.

____________________________________

*Холдинги пажуҳишии Ромир баррасӣ кардааст, ки чӣ гуна нигариши шунавандаҳо нисбат ба пахши мусиқӣ дар соли 2023 тағйир кардаст. Дар маҷмуъ, 75 дарсади пурсидашудагон мусиқиро дар Интернет ва онлайн-сервисҳо гӯш мекунанд ва синнашон аз 18 то 59-сола аст.
https://romir.ru/studies/bolee-80-rossiyan-predpochitayut-otechestvennye-muzykalnye-servisy-zarubejnym

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь