Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки новобаста аз тавофуқоти ҳосилшудаи дуҷониба дар хусуси роҳ надодан ба муноқишаҳои навбатӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи худ ба барангехтани кинаву адовати миллӣ мусоидат карда, ба муносиботи байниҳамдигарӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд.

19-уми октябри соли ҷорӣ вазири мудофиаи ҶҚ Бакитбек Бекболотов зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки: «Байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд». Ин изҳороти иғвоангезона пурра муқобили ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мебошад. Б.Бекбулатов ишора кард, ки мушкилоти муайянкунӣ ва аломатгузории марзӣ то лаҳзае, ки силоҳҳои вазнин аз хатти сарҳади давлатӣ берун бурда нашаванд, боқӣ мемонанд. Вале ҳамзамон бо ин, хабар дод, ки аз тарафи Қирғизистон маҷмуи мушакандози зенитии С-125 «Печора-2БМ» харидорӣ гардидааст ва дар ҳудуди вилояти Бодканд ҷойгир карда мешавад. Амалкарди вазир ошкоро бар хилофи мавқеъгирии роҳбарияти Қирғизистон дар хусуси аз тариқи гуфтушунид ва бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя ҳал кардани масъалаҳои баҳсӣ, равона шудааст.

Ҳадафи асосии изҳороти мазкур тезутунд сохтани ваъият дар хатти сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мебошад. Гузашта аз ин, мавқеи узви Ҳукумати ҶҚ бо протоколҳои имзошудаи дуҷониба таҳти №39, №41, ва №42, ки тибқи онҳо масъалаҳои муайнкунии сарҳад бояд дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворию якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбанд, мухолифат мекунад. Ҷойгиркунии воситаҳои иловагии зиддиҳавоӣ дар вилояти Бодканд рӯирост вайрон кардани банди «е»-и Протоколи №42 аз 25-уми сентябри соли 2022 мебошад.

Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон муқобили уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи тарафҳо буда, ба мураккабшавии вазъият дар сарҳад ва пайдо шудани ҳисси нобоварӣ нисбат ба якдигар боис мегарданд.

Аз ин хотир, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд даъват мекунад, ки ба паҳн сохтани чунин суханронӣ ва муроҷиатҳои мансабдорон, ки метавонанд мураккабшавии вазъият, душманию бадбиниро байни ду халқ ба вуҷуд оранд, роҳ дода нашавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь