Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо чанд фармони худ дар мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот тағйироти кадрӣ кард, ки барканории вазири маориф ва муовинонаш аз ҷумлаи ин тағйирот буданд.
Ҳамин тавр бо фармонҳои вазири маориф ва илм, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Саидзода Раҳим Ҳамро – вазири маориф ва илм, Ҷуразода Ҷамшед – муовини якум, Хайрзода Шукрулло ва Абдухолиқзода Лутфия – муовинони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таъйин гардиданд.
Ҳамчунин, Икромӣ Хуршед аз вазифаи директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ озод гардида, Ҷаъфарзода Сабзаалӣ ба ҷойи ӯ таъйин шуд.
Муовини директор ва сардорони чанд раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар низ иваз шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумат Раҳимзода Шабнам-муовини якум, Чоршанбезода Сураҷ ва Собирзода Парвиз -муовинони раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъйин шуданд.
Президенти ҳамчунин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Мирзозода Абдуқаҳҳор ва Маҳмадализода Маҳмурод ба вазифаҳои сараудитори Палатаи ҳисоб интихоб шаванд.
Сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд.