Фируза Шарифӣ, муовини раиси вилоят, аз вазифааш озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Абдусаломзода Анзурат таъйин гардид.

Анзурат Абдусаломзода то таъйин шудан ба ин вазифа сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.

Фируза Шарифӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъйин шудааст, аммо то ҳол манбаъҳои расмӣ ин хабаро тасдиқ накардаанд.

Саломзода Сиҷоуддин

Раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Раҳмон Исломиддин низ аз вазифа озод карда шуд, ба ҷойи ӯ  Саломзода Сиҷоуддин таъйин гардидааст. Саломзода Сиҷоуддин то расидан ба ин мансаб муовини раиси шаҳри Душанбе буд. Ҳоло маълум нест раиси собиқи ноҳияи Данғара Раҳмони Исломиддин ба кадом вазифа таъйин гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь