Прокуратураи ҳарбии  гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 110,  қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок) нисбат ба  сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович, соли таваллудаш 02.02.1999 ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кардааст.

Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар кардааст, ки Сангалиев Шоҳрух Рустамович зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22 июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин муддат қасдан даст ба содир намудани ҷинояти вазнин задааст.

16 августи  соли 2021,  тахминан соати 19:30, дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ байни хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии номбурда  прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст. Дар ҷараёни  муноқиша прапоршик Сангалиев Ш. Р. бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари лейтенанти  калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок расонидааст.

«Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе судшаванда Сангалиев Шоҳрух Рустамовичро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110,  қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, номбурдаро маҳкум кард», – омадааст дар хабари  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь