Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бар асари бориши боронҳои охири моҳҳои марту апрели соли ҷорӣ як кӯдаки 8 сода ҷон дода, роҳҳо ва дигар иншоот вайрон шудааст.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд, боронгариҳои пай дар пайи аввали моҳи март ва апрел дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Муъминобод боиси хисороти ҷониву молӣ гардид. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ  бо омадани сели харобиовар сойи Теболай маҷрои худро дигар кард, ки дар натиҷаи як навраси 7-сола ба ҳалокат расида, ҳамзамон 16 хоҷагӣ хисороти молӣ диданд.

Гуфта шуд, дар ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин низ дар натиҷаи омадани селу ярч як қисмати шоҳроҳи Муъминобод – Кӯлоб хароб гардида, инчунин кишту кори сокинон, роҳи байни деҳаҳои ҳудуди ҷамоат зарар дид.

Айни ҳол дар ҳудуди ҷамоатҳои мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод, кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, аъзоёни ситоди ҳолатҳои фавқулода, фаъолони ҳудуди ҷамоатҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷараён дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь