Шоми 21 январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон се кӯдаки хурдсол ҳангоми бозӣ дар болои яхи ҳавз ба дохили он афтода ҷон додаанд.
Як манбаъ аз ин ноҳия ба “Фараж” хабар дод, ки ин ҳодиса шоми шанбеи рӯзи 21 январ дар деҳаи Ғарабдараи ноҳияи Мӯъминобод рӯх дода, дар ин ҳодиса якбора се кӯдак ҳангоми бозӣ дар болои яхи ҳавз ба дохил афтода ҷон доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз он се кӯдак ду нафараш панҷсола ва яктои дигараш 4-сола будаанд. Манбаъ ҳодисаро чунин шарҳ дод, “Дар ҳавзи деҳаи Ғарабдараи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод, ки ин ҳавз бар асари сардиҳои рӯзҳои ахир ях баста буд, кӯдакон яхмолакбозӣ мекарданд. Ногаҳон ях шикаста кӯдакон ба оби сард офтода, ҷон додаанд”.
– Сокинон талош карданд, ки онҳоро наҷот диҳанд, аммо вақте онҳоро аз об бароварданд, ки ҳарсеяшон ҷон дода буданд, – гуфт манбаъи мо.