13–уми апрели соли 2025 дар доираи баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ — Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ «Eliminator Mountain» дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Президенти Конфедератсияи Осиёӣ оид ба велосипедронӣ Дато Амарҷит Сингх, ки бо бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, доир гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаро дар баробари дигар нафарони масъули соҳаи варзиши кишвар раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон, директори генералии ширкати мобилии Tcell дар Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев ҳамроҳи намуд.
Дар доираи сӯҳбат ҷонибҳо ба варзишгарони 40 кишвари иштирокчии Мусобиқаи байналмилалӣ Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ «Eliminator Mountain», ки шаҳри Душанбе мизбони он аст барору музаффарият таманно намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати рӯшди варзиши велосипедронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Ироа шуд, ки велосипед давоми ду аср дар мамлакатҳои ҷаҳон истифода бурда мешавад. Он яке аз намудҳои нақлиёти сайёр ва боэътимод буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ҳамзамон истифодаи он ба муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки мусобиқаҳоро дар самти варзиши велосипедронӣ бештар намуда, дастгирии соҳаи варзиши велосипедрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшанд.