Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ, сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи сиёсӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ин мулоқот, ки пас аз 9 соли таваққуф ва сардии муносибатҳои ду кишвар буд, имрӯз дар кохи раисиҷумҳури Эрон сурат гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, дар арсаҳои фарҳанг, маориф ва илм ва амният ҳамчун омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.

– Дар доираи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷонибҳо оид ба афзоиш додани ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин самт ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, таҳия ва татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, таъсиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ мувофиқи мақсад шумурда шуд, – хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Дар ин мулоқот пешниҳод гардидааст, барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ аз баргузории намоишгоҳҳои ихтисосии маҳсулот ва ҳамоишҳои соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ва таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон васеъ истифода карда шавад. Роҳандозии ҳамкории густурда байни шаҳракҳои саноатии ду кишвар низ барои ҳарду ҷониб муфид номида шудааст.

Гуфта мешавад, бо дарназардошти захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон дар ҳавзаҳои энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, маъдану металлургия, кимиё, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дорусозӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ, амри зарурӣ маънидод гардиданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва вилоятҳо, рушди ҳамкории фарҳангӣ ва илмӣ, соҳаи сайёҳӣ ва роҳандозии парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар табодули андеша карданд.

Ба зикри манбаъ, зимни баррасии масъалаҳои соҳаи амниятӣ рушди ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ тақозои замон дониста шуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи амнияту суботи минтақа ва вазъи имрӯзаи Афғонистонро ҳам баррасӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ муҳокима гардид.

Масоили марбут ба амнияти минтақа, таҳаввулоти байналмилалӣ, мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, ҳамчунин ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созанда ва мавқеи ҳамдигар дар масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳо арзёбӣ карда шуд.

Дар охири мулоқоту музокирот Эмомалӣ Раҳмон аз Иброҳим Раисӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ояд.

Ёдовар мешавем, пас аз 9 соли муомилоти сард байни ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 29-уми май, вориди Эрон шуд ва дар фурудгоҳи Теҳрон ӯро вазири нерӯи Эрон Алиакбар Меҳробиён пешвоз гирифт.

Ин сафар бо даъвати расмии раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ сурат гирифтааст. Иброҳим Раисӣ ҳам соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва бо даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омада буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь