Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар раъси як ҳайати парламенти кишвар, шомили вакилон Олим Салимзода, Абдуғаффор Раҳмонзода, Дилрабо Мансурӣ ва сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода  дар доираи сафари расмияш ба Давлати Қатар, дар маросими ҷаласаи ифтитоҳии 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарламентӣ, ки бо иштироки  амири Давлати Қатар Шаӣх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар шаҳри Довҳа баргузор гардид, иштирок кард.

Зуҳуров  ҳамчунин бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Давлати Қатар атрофи татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби нерӯи корӣ табодули назар кард.

Ҳайати Тоҷикитон дар як вохӯрии дигар бо мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд суҳбат карданд. Ҷонибҳо дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, саноатӣ ва коркарди маъданҳоро баррасӣ кардаанд. Ҳамчунин, дар мавриди таъсиси механизмҳои ҷалби сармоягузориҳо ва мудирияти муштараки лоиҳаҳо табодули назар сурат гирифт.

Маҳмуд бин Иброҳим Оли Маҳмуд сохтмони маҷмааи истиқоматии “Диёри Душанбе”-ро, ки бо сармоягузориҳои қатарӣ анҷом ёфтааст, намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст номида, омодагии Созмони сармоягузориҳои Қатарро барои сармоягузории лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ироа доштааст.

Гуфта мешавад, ки Зуҳуров бо сарвазир – вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ низ мулоқт кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь