Нимаи дуюми моҳи декабри соли 2022, ҳайати кории Бонки ҷаҳонӣ барои таҳия намудани марҳилаи дуюми Барномаи кумаки техникӣ дар мавзӯи «Тақвияти бахши молия дар Тоҷикистон» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 21/11/2022, №42356(22.9) ва тибқи руйхати мулоқоти ҳайати кории Бонки Ҷаҳонӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, санаи 13 декабри соли 2022 ҳайати кории Бонки мазкур таҳти роҳбарии ҷаноби Петро Каличе ва аъзоёни ҳайат Дмитри Демекас ва Дамодаран Криншнамурти ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти дуҷониба бо раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ба бинои марказии Амонатбонк ташриф оварданд.

Дар оғози мулоқот раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом оид ба фаъолияти молиявии Бонк дар 11 моҳи соли 2022, рунамоӣ манзур карда шуд.

Сипас раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» оид ба мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар ва дастовардҳои молиявӣ дар давраи сипаригардида, иттилоъ дода, қайд намуданд, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна Амонатбонк дар ҳолати хуби молиявӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, роҳбари Амонатбонк қайд кард, ки тибқи Дурнамои Бонк то соли 2025, нақша дорем, ки пешниҳоди қарзҳоро дар самти рушд додани соҳибкории хурду миёна ва дастгирӣ намудани корхонаҳое, ки ба истеҳсоли махсулоти воридотивазкунанда машғуланд, ба маротиб зиёд намоем.

Дар рафти мулоқот ҷаноби Петро Каличе иброз намуд, ки Амонатбонк яке аз бузургтарин бонкҳои кишвар ба шумор рафта, имконияти молиявиаш имрӯз даст медиҳад, ки дар рушди макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад. Илова бар ин, роҳбари ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ хоҳиш кард, ки Бонки Ҷаҳонӣ омодааст бо БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамкориҳояшро дар самтҳои мухталиф густариш бахшад.

Дар интиҳо ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар самтҳои мухталиф иброз намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь