Дар доираи ҳамкориҳои пурсамари Бонк бо ташкилотҳои молиявиии байналхалқӣ 27 феврали соли 2024, мулоқоти маҷозии дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана муҳтарам Питер Саимонс оид ба густариш додани ҳамкориҳои судманд бо ин ниҳоди молиявии байналхалқӣ, баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар ояндаи наздик нақшаи кории муштарак таҳия карда, муносибатҳои шарикиро дар сатҳи нав қарор диҳанд.

Боиси ёдоварист, ки Амонатбонк аз соли 2004 инҷониб аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана буда, то имрӯз бо ин ниҳоди байналмилалӣ дар самтҳои мухталиф ҳамкорӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь