18-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима гардид.

Дар рафти мулоқот таъкид гардид, ки бастаи нави санадҳои дуҷонибаи имзошаванда, аз ҷумла ҳуҷҷати таърихии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ заминаи ҳуқуқии ҳамкориро ба таври назаррас тақвият мебахшанд.

Масоили ҷалби сармоя, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат,  мошинсозӣ, коркарди муштараки маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва бунёди неругоҳҳо аз мавзӯъҳои дигари музокироти ду кишвар буд.

Рушди ҳамкорӣ дар сохтмони муштараки неругоҳҳои бодию офтобӣ аз самтҳои судовари робитаҳои ояндаи ду кишвар номида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба густариши робитаҳо дар соҳаи нақлиёт, боркашонӣ, таъсиси хатсайрҳои нав байни минтақаҳои ду кишвар ва идомаи талошҳо ҷиҳати сохтмони роҳҳои оҳан, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, таҳкими фаъолияти сохторҳои марбута дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, зуҳуроти ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро баррасӣ карданд.

https://t.me/farazhtjk

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь