Имрӯз, раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисии Ҷумҳурии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кард.

Зуҳуров дар мулоқот гуфт: «Мо ташрифи шуморо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мешуморем ва боварӣ дорем, ки ин сафар дар равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав боз мекунад ва дар тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои мо саҳми арзанда мегузорад».

 Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб  ҳамчунин ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид карданд.

Дар мулоқот муовини якум, муовинони раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор  Азизӣ, Хайриниссо Юсуфӣ, Акрамшо Фелалиев ва аъзои гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон  бо  Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисии Ҷумҳурии Узбекистон иштирок доштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь