9 ноябри соли 2017 раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русияро таҳти роҳбарии Зинуров Рафаил Нариманович – аъзои Комиссияи байнипарпламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия бо Маҷлиси миллӣ  ва  Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналмилалӣ, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ бо назардошти мавқеи хоси ҳамкории самарабахши ҷонибҳо дар соҳаи гуманитарӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки он ҳамчун яке аз афзалиятноктарин самтҳо бояд муттасил дар маркази фаъолияти ҳамарӯза қарор дода шавад.

Дар асоси тасмими президентҳои ҳарду кишвар маҳз дар соли 2017-2018 сафарбар гардидани теъдоди муайяни омӯзгорони таълимдиҳандаи фанҳои дарсӣ бо забони русӣ ба мактабу литсейҳои тахсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз субъектҳои Федератсияи Русия, натиҷаи ҳамкориҳои дурбинона ва самараовар мебошад. Убайдуллоев  даъват ба миён овард, ки нисбати оғози татбиқи  сохтмони 5 адад муассисаи таҳсилоти умумии русӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории ҷониби Русия бо истифода аз зарфиятҳои Шӯрои Федератсия ба таври муассир мусоидат карда шавад.

Ҷонибҳо дар иртибот ба ҳамкориҳои мавҷуда фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар Тоҷикистонро барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ муҳим шуморида, оид ба зиёд намудани теъдоди омӯзгорони забони русӣ, роҳандозии тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, табодули афкор намуданд.

Рафаил Зинуров аз пешниҳодоти ироагардида ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки дар доираи имконоти парламентҳо баҳри амалисозии масъалаҳои гузошташуда тадбирҳои заруриро равона хоҳанд сохт.

Зинуров иттилоъ дод, ки  феълан Шӯрои Федератсия ҷиҳати омодагиҳо ба баргузории Форуми  VI-уми байнипарламентии “Тоҷикистон-Русия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” нимаи дуюми соли 2018  дар Федератсияи Русия  нақшаҳои мушаххасро тарҳрезӣ намудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь