Имрӯз,13-уми ноябр, дар шаҳри Париж вохӯрии раиси МНМО Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Гуруҳи байнипарламентии дӯстии Фаронса ва ОМ дар Ассамблеяи миллии Фаронса Патрис Вершер баргузор гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар рафти сӯҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи байни Тоҷикистон ва Фаронса барои ғанигардонии ҳамкориҳо бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин дар атрофи амнияти минтақа, махсусан дар мавзӯи Афғонистон сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь