Маросими ҷоизасупорӣ барои эътироф намудани мактабе, ки дар шаҳри Душанбе чиҳати истифодаи энергия аз ҳама бештар сарфакор аст, имрӯз гузаронида шуд. Мактаби байналмилалии Президентӣ ҳамчун аз ҳама бештар сарфакунандаи энергия дар пойтахт пазируфта шуд.

Маросим аз ҷониби Лоиҳаи “Робитаҳои устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ (РУЭОМ)”, ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад, ташкил ва ҳамчун қисмати Ҳафтаи дипломатикии сабзи ИА ва Рӯзҳои энергетикаи устувори ИА-Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он муаллимон, хонандаҳо, волидайн, маъмурияти шаҳри Душанбе, намояндагони ИА ва кишварҳои аъзои ӯ иштирок карданд.

Дар муроҷиати худ ба иштирокчиёни чорабинӣ Раймундас Кароблис, сафири ИА дар Тоҷикистон, қайд кард:

“Ман бо фахру хурсандии зиёд ин Ҷоизаро ба Мактаби байналмилалии Президентӣ месупорам. Муборак бошад! Имрӯз интихоб кардани сарфаи энергия, самараноктар истифода бурдани он, ҳифзи захираҳои табиӣ ва муҳити атроф гарави ояндаи беҳтар ва солимтар барои ҳар яки мо ва наслҳои оянда мегардад. Ҷавонон метавонанд ва бояд гузариши сабзро ба уҳда гиранд, ҷиҳати тарғиботи истифодаи эҳтиёткоронаи қувваи барқ ва гармӣ дар мактаб ва ҳам дар хона саҳмгузор бошанд, ба дигарон намунаи ибрат бошанд, аз ҷумла ба мо, калонсолон. Ҷоизаи “Мактаби сарфакортарини энергия” комёбии дастаҷамъонаи муаллимон ва хонандагони Мактаби мазкур, инчунин саҳми онҳо ба рушди устувори кишвар мебошад. Ман аз самими дил таманно дорам, ки дигар мактабу муассисаҳо аз намунаи шумо истифода хоҳанд бурд.”

Номинатсияи мазкур дар натиҷаи таҳқиқи ҳуҷравӣ, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буд, ба амал омад. Ҷоизаи ИА кӯшиши мактабро ҷиҳати истифодаи энергия, омодабошӣ ба татбиқи технологияи энергия-сарфакунанда, инчунин саҳми муаллимонро ба тарбияи малакаҳои мактабачаҳо ҷиҳати истифодаи эҳтиёткорона ва мақсадноки манбаъҳои энергия, ба даст овардани сарфаи устувори энергия ва тарғиботи намунаҳои устувори истифодабарии энергия эътироф мекунад.

Як намояндаи мактаб инчунин ба даври омӯзишӣ ба Аврупо бо мақсади омӯхтани таҷрибаи аврупоӣ нисбат ба энергияи барқароршаванда, сарфаи энергия, самаранокии энергетикӣ ва гузариш ба энергетикаи устувор даъват шуд. Даври омӯзишӣ дар моҳи Ноябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст ва аз ҷониби лоиҳаи РУЭОМ ташкил карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь