Тасмим гирифта шудааст, ки муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт) то 15-уми феврали соли 2023  тамдид карда шавад. Ин қарорро Ҳукумати Тоҷикистон аз 12-уми феврал қабул кардааст, ки дар ин бора ба ОИ «АП» аз қавли Хадамоти алоқа хабар дод.

Бояд имрӯз, 15-уми феврал, муҳлати бақайдгирии дубораи симкортҳо ба охир мерасид. Гуфта мешавад, то ҳол беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашудаанд.

Қаблан Хадамоти алоқа ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дубора тамдид кардани муҳлати сабти симкортҳо изҳори бехабарӣ карда буданд.

Рӯзи 31 январ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи дароз шудан ё нашудани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-корт) посухи мушаххас надода буд. Муовини сардори ин ниҳод гуфта буд, ки “пеш аз пода чанг нахезонед” ва ба мардум имкон диҳед, ки дар марказҳои хидматрасонӣ SIM-кортҳояшонро дубора ба қайд гузоранд.

Тибқи маълуомти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, теъдоди умумии корбарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Илҳом Атоев, то имрӯз дар Тоҷикистон 5 млн 416 ҳазор симкортҳое, ки бо ID-шиносномаҳо дубора сабтином шудаанд, ба қайд гирифта шуда, 2 млн 412 ҳазору 465 нафар корбарони симкортҳо ҳоло ҳам дар марҳилаи сабти дубора бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 қарор доранд. Аз симкортҳое, ки то ҳанӯз дубора сабтином шудаанд, 1,8 млн симкорт фаъоланд.

Акс аз ОИ “АП”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь