Раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон Усмонхон Алимов бар асари як бемории вазнин дар синни 71-солагӣ аз дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ реҳлат кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Идораи мусалмонони Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки намози ҷанозаи ӯ 16-уми август, рӯзи душанбе, дар масҷиди ҷомеи “Эшони Темирхон Тӯра”-и зодгоҳаш, воқеъ дар ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд  адо карда мешавад.

Бино ба хабарҳои расида раиси муфтиёти Ӯзбекистон Усмонхон Алимов ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав интиқол ёфта буд ва он ҷо мавриди муолиҷа қарор дошт, аммо рӯз аз рӯз саломатии худро аз даст дода, оқибат бар асари бемории илтиҳоби шуш ҷон ба ҷонофарин супурд.

Усмонхон Алимов Идораи мусалмонони Ӯзбекистонро аз соли 2006 ба ин сӯ роҳбарӣ мекард. Вай баъди хатми мадрасаи Мири Араби Бухоро дар Донишкадаи исломии ба номи Имом Бухории Тошканд таҳсил кардааст. Баъдан ба кишвари Марокаш рафта, дар дорулфунуни “Каравийн” таҳсилоти исломиро идома додааст.

Понздаҳ соли тамом дар раъси Идомаи мусалмонони Ӯзбекистон қарор доштани Усмонхон Алимов аз тарафи аҳли ҷомеаи ин кишвар муддати хеле дароз арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси Идораи мусалмонони кишвараш-Усмонхон Алимовро ба муносибати 70-умин солгарди таваллудаш бо мукофоти давлатӣ-ордени “Эл-юрт ҳурмати”(“Эҳтироми халқу мамлакат”) сазовор гардонидааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь