Даҳ футболбози тоҷик, ки дар дастаҳои берун аз кишвар бозӣ мекунанд, ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Қазоқистон, ки 16-уми ноябр дар шаҳри Нур-Султони Қазоқиситон баргузор мешавад, даъват шудаанд.

Чанде пеш мутахассиси тоҷик Мубин Эргашев, ки бо дастаи мунтахаби олимпии футболи кишвар ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт, муваққатан сармураббии дастаи асосии мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуд. Эргашев дастаро ба бозии дӯстона бо Қазоқистон омода мекунад. Ӯ 21 бозигар, аз ҷумла даҳ легионери намояндагии бошгоҳҳои Узбекистон, Эстония, Эрон, Булғористон, Қазоқистон, Индонезия, Беларус ва Малайзияро ба даста даъват кардааст. Дар ин бозии дӯстона ба Мубин Эргашев собиқ бозигарони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов, Юсуф Рабиев ва Аслиддин Ҳабибуллоев ёварӣ мекунанд. Фаррух Марофиев дар ситоди Мубин Эргашев нақши мураббӣ-таҳлилгарро иҷро мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 11-уми ноябр дар Душанбе омодагиро ба бозии дӯстона бо дастаи Қазоқистон оғоз мекунад. Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 16-уми ноябр дар варзишгоҳи “Остона-Арена”-и Нур-Султон баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 Душанбе) оғоз мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов (“Борнео”, Индонезия), “Эҳсони Панҷшанбе” (“Навбаҳор”, Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов (“Ордабасӣ”, Қазоқистон), Алишер, Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз “Истиқлол”), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь