17-уми январ дар Душанбе муаррифии портал ва замимаи мобилии TOUR.tj баргузор шуд.  Ҳадаф аз роҳандозии ин портал ташкили роҳнамоӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ гуфта мешавад. Мақсади ин портал ҷамъоварии бастаи маълумот аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии кишвар дар як портал аст. Ин платформа инчунин барои рушди ширкатҳои хусусӣ дар бахши сайёҳӣ, чӣ хурд ва чӣ бузург, муфид хоҳад буд.

«Амалгарҳои сайёҳӣ метавонанд хатсайри худро тавассути ин портал ба фурӯш гузоранд ва онро ба осонӣ, қариб бо як “нохун задан” фурӯшанд.  Истифодабарандагон метавонанд дархости сафарро дар шакли муносиб дар вебгоҳ пешниҳод кунанд ва амалгарҳои сайёҳӣ онҳоро дар шакли таҳияшуда, ба таври худкор қабул мекунад.  Ба ӯ танҳо як сафар кардан лозим аст,” мегӯяд яке аз таҳиягарони платформа, Александр Тихонов, шарик ва директори артиши интегратори рақамии 5 UGLOV (Русия).

Дар платформа сайёҳ метавонад на танҳо бо салоҳдиди худ аз ширкатҳои сайёҳии боваринок сайёҳон интихоб кунад, балки ҳангоми ба нақша гирифтани сафари худ ба Тоҷикистон билетҳои ҳавопаймо харад, суғурта ташкил кунад ва дастгирии техникӣ гирад.

Замимаи мобилии TOUR.tj аслан иловаи платформа аст, аммо дар баробари ин барои сайёҳон ва соҳибкорон имкониятҳои дигари навро боз мекунад.

Ба гуфтаи Сергей Клевсевич, молик ва директори ширкати IT-и MARSERO (Белорус), ки дар таҳияи TOUR.tj машғул аст, замимаи мобилӣ харитаҳои интерактивии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, метавонанд ҳам онлайн ва ҳам дар офлайн кор кунанд.

“Дар барнома ҳуши маснуӣ истифода мешавад, ки бо ёрии он хатсайрҳои беназири пиёдагардӣ ва автомобилӣ, ки қаблан дар дигар харитаҳои мобилӣ ишора нашуда буданд, ба харитаҳо илова карда мешаванд”, – мегӯяд Сергей Клевсевич.

Замимаи мобилӣ инчунин барои тиҷорати ватанӣ, новобаста аз соҳаи фаъолият, аз тарабхонаҳо то нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ муфид хоҳад буд.

Ҳар соҳибкоре, ки бо TOUR.tj шартномаи шарикӣ бастааст, метавонад ба харитаҳо маълумот дар бораи макони тиҷорати худ, тавсиф ва аксҳои муассисаҳояшро, ки даромади асосии онҳоро ба даст меоранд, илова кунад.

Идибек Воҳидов мегӯяд андешаи ташкили чунин платформа замоне, ки вай ба Чин сафар карда буд, ба сараш омад. Ба гуфтаи Идибек, вақте фаҳмид, ки чиниҳо дар мавриди Тоҷикистон маълумоте надоранд, ба ҳайрат афтод. Вай мегӯяд, ҳатто дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон дар мавриди Тоҷикистон на он қадар маълумоти кофӣ доранд ва ин ҳама Идебекро водор сохт то платформаи мазкурро ташкил кунад:

«Заминаи мобилӣ ва портали TOUR.tj рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро суръат мебахшад.  Ин ба баланд шудани обрӯи кишвар дар назди сайёҳони саросари ҷаҳон мусоидат мекунад.  Ҳар як корбари замима ё вебсайти мобилӣ имкон дорад, ки амалан бо як “нохун задан” аз Тоҷикистон дидан кунад.  Ва тоҷирони маҳаллӣ имкони ҷалби муштариёни бештарро пайдо мекунанд”, – мегӯяд Идибек Воҳидов, муассиси TOUR.tj.

Барои Тоҷикистон роҳандозии сомонаи TOUR.tj як қадами нав дар рушди сайёҳии дохилӣ мебошад.

Мафтуна Ваҳобова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь