Рӯзи 21-юми июн дастаи наврасони «Хуҷанд U-13» барои аввалин бор дар таърихи футболи наврасон либосҳои меҳмонӣ ва хонагиро, ки даста дар мавсими 2023/24 бо он бозӣ мекунад, муаррифӣ кард.
Дар муаррифӣ қаҳрамонҳои амалкунандаи Осиёи Марказӣ байни наврасон дастовардҳои худро дар давраи солҳои 2021-2023 низ ба намоиш гузоштанд.
Tcell ба унвони ҳомии молӣ беш аз се сол аст, ки дастаро дастгирӣ мекунад. Барои табрики наврасон бозигарони касбии бошгоҳи футболи «Хуҷанд» омаданд. Онҳо футболбозони ҷавонро табрик намуда, бачаҳоро барои пирӯзиҳои бештар ташвиқ карданд. Мудири иҷроияи бошгоҳи «Хуҷанд» Мурод Умаров ба ҳозирин изҳори сипос намуда, муаррифии либоси наверо, ки наврасон дар мусобиқоти байналмилалии мавсими 2023/24 ба бар мекунанд, ба намоиш гузошт.
«Мо медонем, ки варзиш дар ҳаёти кӯдакон нақши бузург дорад. Бо дастгирии наврасону ҷавонон ва варзиши касбӣ мо на танҳо даста, балки ситораҳои ояндаро низ месозем. Якҷоя мо ҷаҳонеро эҷод мекунем, ки ҳар қадами ба пеш қадам ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Tcell ҳамчун оператори масъули иҷтимоӣ на танҳо тими Хуҷанд U-13 ва Лигаи футболи кӯчагӣ, балки ситораҳои футболи тоҷики клуби «Истиқлол»-ро низ сарпарастӣ ва дастгирӣ мекунад. Мо якҷоя таърихеро эҷод мекунем, ки дар он ҳама имкон доранд, ки майдон ва зиндагӣ дурахшанд”, гуфт Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell.
Мавсими баҳорӣ даста бо ду пирӯзии бузург дар чемпионатҳои байналмилалии «Наврӯз-2023» ва «РЗД-ЛОКОБОЛ 2023» дар шаҳри Алма-Ато (Қазоқистон), ки дар он дастаҳои бачагонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ширкат доштанд, оғоз ёфт. Дастаи «Хуҷанд U-13» пирӯз шуданд, бозигарон ҷоизаҳои бозигари ва нишонзани беҳтарини чемпионатро гирифтанд. Роҳбарияти Tcell кӯдаконро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ ва ба онҳо барои оғози бобарор дар мавсими нав изҳори сипос кард.
“Беҳтарин ғалабаҳо аз иқдомҳои ҷасуронаи мо ба вуҷуд меоянд. Бо дастгирии футболи наврасон Tcell на танҳо ба бозӣ, балки ба оянда низ сармоягузорӣ мекунад. Ман мехоҳам ба ширкат ва шахсан ба Озодхон Давлатшоев барои саҳм ва дастгирии кӯдакон изҳори сипос кунам. Рушди варзиши наврасон ин саъю кӯшиши мо барои бунёди ояндаи қавӣ ва муваффақ аст”, – гуфт директори иҷроияи бошгоҳи футболи “Хуҷанд” Мурод Умаров.
Дар мавриди ҳадафҳои рушди устувор, оператори диҷитоли Tcell дастгирии насли ҷавони кормандонро тавассути пешниҳоди ташаббусҳо барои рушд ва ҷалби онҳо идома медиҳад. Яке аз ин ташаббусҳо лоиҳаи Tcell Kids буд, ки дар он аз ҳисоби фарзандони кормандон як дастаи футбол ташкил карда шуд
Ҳадаф аз таъсиси дастаи футболи Tcell на танҳо рушди маҳорат ва дастовардҳои варзишӣ дар кӯдакон, балки ташаккули рӯҳияи дастаҷамъӣ ва садоқат ба арзишҳое, ки асоси фарҳанги ширкати Tcell мебошанд, мебошад. Даста инчунин имкони ширкат дар бозиҳо ва мусобиқаҳои футболи наврасонро пайдо ва ширкати «Tcell»-ро дар майдонҳои варзишӣ намояндагӣ мекунад.
Илова бар ин, мехоҳем зикр намоем, ки лоиҳаи нодири «Tcell» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон – Лигаи футболи кӯчагии «Tcell – футбол ба назди шумо меояд», ки 10 сол шуд амал мекунад, соли ҷорӣ ба рӯйхати беҳтарин лоиҳаҳои оммавии Конфедератсияи футболи Осиё дохил карда шуд.
Дар тӯли 10 сол дар чемпионат зиёда аз 80 000 кӯдак ширкат доштанд ва дар соли 2023 шумораи ширкаткунандагон 30 000 писару духтарро ташкил дод. Ин як мисоле аз мусобиқаҳои намунавии футболи оммавӣ дар қитъаи Осиё ва эътирофи шоистаи рушди футбол дар Тоҷикистон аст.