Бобои Талабшоҳ ва хирси дастомӯзи ӯ Марияро бисёре аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе ба ёд доранд. Ин пирамард ва хирси ӯ ба самбули пойтахти Тоҷикистон табдил шуда буданд. Бобои Талабшоҳ ва Мария 18 сол дар канори ҳам буданд.

Онҳо тақрибан ҳар рӯз дар хиёбонҳои марказии шаҳр пайдо мешуданд ва бо иҷрои ҳаракоти ҷолиб ва намоишӣ ба тамошогарон хушҳолию шодӣ мебахшиданд. Хирс ба хотири қаҳрамони марказии сериёли «Просто Мария» чунин ном гирифта буд. Наздики панҷ сол пеш риштаи умри Талабшоҳ гусаста гардид. Гуиё хиёбонҳои шаҳр холӣ аз сафою самимият шуд.

Бисёре аз расонахои тасвирӣ ва чопии дохилу хориҷ дар бораи достони дӯстию рафоқати бобои Талабшоҳ ва Мария гузоришҳое таҳия ва пахш кардаанд. Аккос ва коргардони эронӣ Маҳдии Бимонӣ филми мустанаде дар бораи ин пирамарди тоҷик ва хирсаш сохта ва телевизиони форсии ВВС ду сол пеш ин филмро пахш карда буд.

Дар хабар аст, ки муҷассамаи Бобои Талабшоҳ ва Мария сохта шудааст. Зоҳиран бо фармоиши нафаре ин тандисро сохтаанд ва он рӯзхои наздик ба маҳалли аслии иқоматаш бояд интиқол дода шавад. Дар ин бора журналист Суҳроби Зиё дар саҳифаи фейсбуки худ хабар дод ва чанд акс ҳам нашр кард.

Сарнавишт Марияро баъд аз марги бобои Талабшоҳ бо Боғи ҳайвоноти Душанбе бурда буд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки хирс низ баъди чанде дунболи Талабшоҳ дунёро тарк кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь