Ҷоизаи мазкур бо ҳадафи ёдбуди журналисти ватанпарвар, собиқ сухангӯи шаҳрдории Исфара Иқбол Тешаев аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) таъсис ёфта, он ба котибони матбуотии вазорату кумита, раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, ҳамчунин ширкату корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки бо баҳогузории коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз худ фаъолмандии бештар нишон додаанд, тақдим мегардад.
Ҷоиза соле як маротиба ҳангоми таҷлили маъракаи вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3 май ба як нафар супурда мешавад.
Ҷоиза ба котибони матбуотие дода мешавад, ки;
– Дар давоми як соли охир аз сатҳи ҳамкориаш бо кормандони Воситаҳои ахбори омма қаноатмандӣ ҳосил мешавад.
– Дар мавзӯъҳои муҳимтарини ба миёномада, хоса вақте манфиатҳои миллӣ дар миён ҳастанд, мавқеи расмии вазорату кумита, Ҳукумати вилояту шаҳр, ширкату корхонаи худро баён мекунад.
Баҳогузории қисмати аввал ба фаъолияти котибони матбуотӣ дар натиҷаи назарсанҷиҳои сотсиологӣ, пурсишҳо дар сайти иттилоотии “Фараж”, саҳифаи фейсбукии “Фараж”, инчунин гурӯҳи “Фараж-Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон”, телеграм – канали “Фараж”, Оҷонсии иттилоотии “ Суғднюс”, гурӯҳи “ Ахбор барои афкор” ба назар гирифта хоҳад шуд. Дар ҳолати аъзои ин саҳифаҳо будан, овози шумо ба ҳисоб гирифта мешавад.
Номзадҳо барои гирифтани Ҷоизаи «Беҳтарин сухангӯ» -и МТЖТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки овози бештарро соҳиб мешаванд, пас аз ҷамъбасти пурсишномаи роҳбарони ВАО маълум мегарданд.
Натиҷаи овоздиҳиро комиссияи махсуси таъсисдодаи МТЖТ ниҳоӣ мегардонад.
Пешбарии номзадҳо барои дарёфти Ҷоиза 15 рӯз пеш аз чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан оғоз гардида, дар ин бора МТЖТ тавассути ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ эълон пахш мекунад. Пешбарии номзадҳо 15 рӯз идома меёбад.
Ҷоизаи «Беҳтарин сухангӯ» -и МТЖТ мукофоти пулӣ ё тӯҳфаи мувофиқ дорад, ки онро ҳамасола МТЖТ муайян мекунад. Он ҳамчунин бо рамзи МТЖТ ва акси Иқбол Тешаев диплом дорад. Як котиби матбуотӣ, агар воқеан фаъолмандӣ нишон диҳад, метавонад чанд бор ҷоизадори Ҷоизаи «Беҳтарин сухангӯ» ба номи Иқбол Тешаев гардад.