Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон, бозигарони калидии бозори хушкмеваҳо дар Осиёи Марказӣ, дар намоишгоҳи мӯътабари “World Food”, ки рӯзҳои 19-22-юми сентябри соли 2023 дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Ҳайати кишвар аз корхонаҳои шаҳри Исфара: “Меваи тилоӣ”, “Оро Исфара”, “Исфара Фуд”, Субҳи ватан”, Меваи заррин”, корхонаҳои коркарди хушкмеваи вилояти Хатлон, ки зери бренди умумии “Лаззати Хатлон” маҳсулот мефурӯшанд, ва Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон (МАПЭСТ)  иборат аст.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) – “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE), ки маблағгузораш Ҳукумати Швейтсария мебошад, баргузор мешавад. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ ва сафари мазкурро ширкатҳои машваратии “ACT Development” (Душанбе) ва “Business Consulting Group” (Хуҷанд), шарикони маҳаллии лоиҳаи МТБ танзим карданд ва ҳайатро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунанд.

Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи тоҷик имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имкониятҳои  худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкориҳои эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ карда, бо раванд ва тамоюлоти нави бозор дар минтақа шинос шаванд.

Ардашер Иброҳимов, муовини мудири “Business Consulting Group” ва мушовири миллии МТБ дар лоиҳаи TPE, ки ҳайъати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ сарварӣ мекунад, мегӯяд: “ Иштирок дар намоишгоҳи “World Food” гувоҳи талошҳои МТБ ҷиҳати тавсеаи бозорҳои нави фаромарзӣ барои хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Бо намоиши маҳсулоти волосифати гуногун дар ин пойгоҳи минтақавӣ, ширкатҳои мо азм доранд, то шарикони эҳтимолии байналмилалиро аз миёни дистрибюторҳо ва харидорон ҷалб карда, ҳамкориҳои тиҷоратиро ба нафъи кишвар рушд диҳанд.”

World Food Moscow ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳ ин тирамоҳ барои 32-юмин бор ширкаткунандагон, коршиносони пешсфи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобит ва барқарор намудани ҳамкориҳои стратегӣ гирди ҳам меорад.

Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон, девораи кишвар мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо меоянд.

Мӯъминҷон Мамадҷонов, муовини мудири ширкати “Исфара Фуд”: ““Русия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам ҳаҷм ва андозаи ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносиботи наздики иқтисодӣ, ва шароити нисбатан содатари вуруд ба бозори ин кишвар мебошад. Дар минтақа ба маҳсулоти мо ниёзи фаровон ҳаст, мо аллакай дар бозори Русия мавқеъи мустаҳкам дорем ва иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем”.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон ҳамчунин дар баррасиҳои панелӣ, семинарҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ иштирок карда, бо баррасиҳои босамар доир ба равандҳои нав дар соҳа маълумот мегиранд. Онҳо доир ба талаботи бозор ва муштариён маълумоти муфид дарёфт мекунанд, ки ҷиҳати рақобатпазир боқӣ мондан дар бозор ва ҷустуҷӯи самтҳои нави рушд ёрӣ мерасонад.

Бо иштирок дар ин намоишгоҳ, ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имкониятҳои нави содироти маҳсулот пайдо мекунанд, балки боз меҳмононро ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва маҳсулоти гуногуни меваҷотии кишвар даъват мекунанд. Ин чорабинӣ барои соҳибкорони тоҷик ба ҳайси пуле мебошад, ки роҳи онҳоро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар гардонида, худи онҳоро ба ҳайси бозигарони муҳимми бозори байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад. Ин гуна сафарҳои корӣ барои гуногунсозии бозори содирот низ муҳимманд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь