Ба иттилои маркази матуботи ВКД як автомобили сабукрав худ аз худ ҳаракат карда, кӯдакеро пахш кардааст. Кӯдаки 2-сола ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки 20-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 15:50, Давлатов Иззатулло Исмонович соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, дар ҳавлии истиқоматиаш ба шустушӯи автомашинаи бародараш, Давлатов Сайфулло Исмонович соли таваллудаш 1992, машғул шудаааст. Зикр гардиааст, ки номбурда дар ин замон дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ё ташхис муайян кардааст, ки огаҳон автомашинаи мазкур ба қафо ҳаракат карда, духтари хурдсоли ин мард Давлатова Фотима Иззатуллоевна, соли таваллудаш 2015-ро, пахш кардааст. Дар натиҷа хурдсол Давлатова Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь