Расонаҳои украинӣ гузориш додаанд, ки бар асари бархӯрди як автомашина ба гурӯҳи одамон дар шаҳри Харков чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи чоршанбе аз бархӯрди як мошин ба тӯдаи одамон дар шаҳри Харкови Украина хабар доданд, ки бар асари он дастикам 5 нафар кушта ва 6 тан захмӣ шудаанд. Тасвирҳои мунташиршуда аз ҷойи ҳодиса ҳам нишон медиҳанд, ки теъдоди зиёде аз пиёдагардон дар рӯйи замин афтодаанд.
Полис соате баъд аз интишори ин хабар эълон кард, ки ин ҳодисаи тасодуфӣ буда, террористӣ нест.
Дар моҳҳои гузашта гурӯҳи террористии ДИИШ чандин бор аз мошинҳо барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо истифода карданд ва ҳамин боис шуда то ин ҳодиса дар Харков мавриди таваҷҷӯҳи бештари расонаҳо қарор гирад.
Блоки рекламавӣ