Зан-модар, ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад.

Бахшида ба Рӯзи модарон дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият, занону бонувони Бонк ва меҳмонони даъватгардида, шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва дорандаи мукофоти адабии ба номи М.Турсунзода шоир Хайрандеш чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст дар бобати қадру манзалати Зан-Модар ҳарф зада шуда, иброз гардид, ки Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидааст.

Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.

Дар идома шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва дорандаи мукофоти адабии ба номи М.Турсунзода шоир Хайрандеш аз эҷодиёти худ дар васфи Зан-Модар шеърҳои нобу пурмазмун қироат намуда кулли занону бонувонро бо ин санаи неку арзишманд “Рӯзи модар” табрику таҳният намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь