Намози ҷанозаи модари Мирзо Ибронов, руҳонии тоҷик, ки ҳамчун Ҳоҷӣ Мирзо, миёни мардум маъруф аст, дирӯз, пас аз намози пешин дар масҷиди марказии Душанбе баргузор ва сипас дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт ба хок супорида шуд.
Модари Ҳоҷӣ Мирзо рӯзи 17-уми январ дар синни 82-солагӣ, ки аз дарди қалб ранҷ мебурд, дар шаҳри Душанбе ин дунёро падруд гуфт. Ӯ чанд муддат дар бемористон бистарӣ шуда буд.
Дар намози ҷанозаи модари Ҳоҷӣ Мирзо теъдоди зиёди пайравонаш, рӯҳониёни шинохта ва мақомдорони идораҳои давлатӣ иштирок доштанд. Намози ҷанозаи модари Ҳоҷӣ Мирзоро раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода хонд.
Блоки рекламавӣ