Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо арзи дуруду эҳтиром ба хонандагони сомонаи faraj.tj хабар медиҳад, ки бо иллати техникӣ чанд рӯзи охир сомона дар дастрас набуд.

Айни ҳол мушкилӣ, ки кӯч додани сомона аз як сервер ба дигар сервер ва тағйир кардани IP буд, бартараф шудааст. Кормандони мо омадаанд, ки бо паёму иттилооти тоза аз дохил ва хориҷи кишвар шуморо бохабар кунанд.

Ёдовар мешавем, ки сомонаи дигари Маркази тадқиқоти журналистӣ – sugdnews.tj низ бо сабабҳои техникӣ дастрас набуд. Баъди чанд фурсат ин сомона низ барқарор хоҳад шуд ва, зимнан, ин сомона барои хонандагон ва алоқамандонаш армуғони солинавӣ дорад. Интизор бошед!

Сомонаи faraj.tj ҳамаи хонандагонро бо Соли нави 2018 самимона табрик мегӯяд! Хонаатон обод ва рӯзгоратон шод бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь