Аз эҳтимол дур нест, ки эътимоднокӣ ба бонк ва инчунин ба шарофати маъракаи таблиғотии Бонки Эсхата, ки барои ҷалби пасандозҳо бо 17% солона равона карда шудааст, бисёриҳо хабар доранд, ки аз 22 феврали соли 2022 бонк пасандози муҳлатнокро бо 17% солона пешниҳод мекунад.

Бори аввал ин иқдом моҳи феврал оғоз шуда, баъдан бо дархости сершумори мизоҷон то санаи 30.09.2022 тамдид карда шуд. Маълумоти муфассал дар бораи аксия дар ин ҷо https://www.eskhata.com/about/news/6297/

Дар давраи баргузории маъракаи таблиғотӣ сандуқи пасандози муҳлатноки Бонки Эсхата қариб 13% афзоиш ёфта, дар охири семоҳаи дуюми соли 2022 беш аз 700 000 000 сомониро ташкил дод. Пардохти фоизҳо аз рӯи пасандозҳо дар охири соли 2021 тақрибан 50 000 000 сомониро ташкил дод ва дар охири семоҳаи дуюми соли 2022 бошад 35 000 000 сомонӣ.

Пасандозгузорон пулҳои худро ба бонк бовар карданд, ки он як манбаи даромади иловагии мизоҷон, инчунин роҳи нигоҳдорӣ ва афзун намудани маблағҳояшон гардид.  Аксияи “Пасандоз 17%” давом дорад.

Шумо ҳоло ҳам имкон доред, ки тибқи шартҳои ин аксия пасандоз кушоед.

Пасандозҳои мизоҷони Бонки Эсхата тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурта карда мешаванд. Ин яке аз омилҳои асосии эътимоднокӣ ба бонк аст.

Кадом омилҳои дигар метавонанд эътимоднокии бонкро тасдиқ кунанд?

Пасандозҳои мизоҷони мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурта карда мешаванд. Бонки Эсхата мақоми бонки низомсозро дорад – ин яке аз меъёрҳое мебошад, ки мизоҷ ҳангоми интихоби бонк дар вақти кушодани пасандоз ба он роҳнамоӣ мекунад.

Дигар меъёрҳои эътимоднокӣ ҳисоботи молиявӣ   https://eskhata.com/about/reports/audit_report.php ва рейтингҳои бонк маҳсуб меёбад https://eskhata.com/about/bank/banks_rating.php

То ба имрӯз Бонки Эсхата аз рӯи даромаднокии сармоя дар байни муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол мекунад.

Барои маълумоти иловагӣ ба рақами 808 занг занед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь