Президенти Ӯзбекистон дар арафаи 27-умин солгарди таҷлили рӯзи Конститутсия фармон “Дар бораи афв кардани як гурӯҳ шахсоне, ки муддати ҷазоро мегузаранд, аз кардаи худ сахт пушаймонанд ва қатъиян мехоҳанд худро ислоҳ кунанд”-ро имзо кард.

Дар ин фармон омадааст, ки ба муносибати 27-солагии қабули Қонуни асосӣ ва бар асоси банди 23-юми моддаи 93-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 92 нафар шаҳрванд, ки дониставу надониста даст ба ҷиноят задаанд, алҳол барои ин ҷиноят сахт пушаймон ҳастанд ва қотеъона ба роҳи ислоҳ ворид шуданианд, афв карда мешаванд.

Аз ин шумор 20 нафар аз иҷрои муҳлати ҷазо комилан озоданд. 37 нафар пеш аз мӯҳлат шартан озод карда мешаванд, муҳлати ҷазои 16 нафар ба мӯҳлати нисбатан сабук иваз карда мешавад. Ба ибораи дигар, 73 нафар аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод карда мешаванд ва таҳти назорати кормандони хизмати пробатсия қарор мегиранд. Муддати сипарӣ намудани ҷазои 19 нафар коҳиш дода шуд. Синни 3 нафари афвшудагон аз 60 болост. 3 нафари дигарро занҳо ташкил мекунанд. 79 нафар аз шумори афроде мебошанд, ки дар созмонҳои манъшуда фаъолият кардаанд. Гуфта мешавад, ин амал ифодакунанда ва баёнгари пиёда шудани сиёсати инсонпарваронаи Шавкат Мирзиёев, кушодадилӣ ва бахшояндагӣ, олиҷанобӣ ва намоиши меҳру мурувват барин фазилатҳои олии инсонӣ мебошад.

Ччанд роҳбари идораву вазоратҳои марбута муваззаф шудаанд, то шахсони бар асоси фармони афв озодшуда ба назди пайвандони худ баргардонида шаванд. Ҳамзамон, барои он ки ин афрод ба маҷрои ҳаёти осуда мутобиқ  ва ба тарзи ҳаёти солим одат кунанд, ёрии лозима расонида шавад.

Раисҷумҳури Ӯзбекистон моҳи июни соли равон ба муносибати иди Рамазон 575 нафар зиндониро афв карда буд. Аз ин шумор 361 нафар зиндонӣ ба назди пайвандони худ баргаштанд. Муҳлати ҷазои 214 нафар коҳиш дода шуд. Дар миёни афвшудагони собиқ 7 нафарро шахсони аз синни 60 боло, 6 нафарро зан ва як нафарро шаҳрванди кишвари хориҷӣ ташкил мекарданд.

Шоми 7-уми декабр бо ширкати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади мутантан ва дар пайи он консерти дастаҷамъонаи арбобони санъат баргузор мегардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь