Дар шаҳри Тошканд конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни конфронс масъалаи беҳбуди вазъи экологии минтақаи Баҳри Арал, воқеъ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистонро баррасӣ карданд.

Дар ин конфронс якҷо бо роҳбарони идораҳои марбутаи Ӯзбекистон вакилони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, Намояндаи хоси Маркази минтақавии СММ дар умури Осиёи Марказӣ, раҳбари ҳайати Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивии Осиёи Марказӣ Наталя Герман, Директори бюрои минтақавии Барномаи рушди СММ оид ба давлатҳои Аврупо ва ИДМ Миряна Сполярич Эггер, раиси инвеститсияҳои устувори Иттиҳодияи Пориси Бузург Николя Бушу, ноиби директори умумии ЮНЕСКО оид ба илм Шамила Наир-Бедуэл ва дигарон низ ширкат карданд.

Ноиби нахуствазир-вазири туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов дар маросими ифтитоҳи он гуфт, ки дар айни ҳол дар кишвараш барои татбиқи қарори махсуси президенти Ӯзбекистон корҳои омодагирӣ шурӯъ шудааст, ки 29 июли соли 2021 ба имзо расидааст ва иҷрои қатъномаи хоси СММ мадди назар дорад.

-Бар асоси ин ҳуҷҷат ҳафт самти трансформатсияи минтақаи Баҳри Арал ҷиҳати ба минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологияҳо табдил додани он муайян карда шудаанд. Ғайр аз ин, талош ба харҷ дода мешавад, ки дар соҳилҳои хушкидаи Баҳри Арал минтақаи сабз бунёд гардад. Натиҷаи корҳо аллакай назаррасанд. Соли равон 560 гектар минтақҳои вазнини экологӣ ба минтақаи сарсабзу хуррам мубаддал гардид,-изҳор кард Азиз Абдуҳакимов.

Тавре ки вай боз тазаккур дод, дар Қароқалпоқистон 375 ҳазор гектар дарахтони гуногун шинонида хоҳанд шуд. Маълум шуд, ки хушкшавии Баҳри Арал ба вазъи экологии минтақаи назди Арал ва кишварҳои ҳамсоя низ ҷиддан таҳдид менамояд.

Гуфта мешавад, бар асари ин хушкшавӣ дар 55 соли охир 5,2 миллион гектар биёбони нав арзи вуҷуд намудааст, ки онро ба номи “Реги Арал” ёд мекунанд. Дар ин биёбони аз оби баҳр хушкида ягон инфрасохтор ва шароити иҷтимоӣ офарида нашудааст, минтақа аз ҷиҳати рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба кундӣ пеш меравад.

Сокинони минтақаи мазкур ба кумакҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ниёзманданд. Аз ҳама муҳимтар, вазъияти экологӣ беш аз пеш бад шуда меравад. Барои ҳамин 18 майи соли равон дар иҷлосияи пленарии 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳодҳои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт ва мувофиқи Қатъномаи Махсуси худ СММ минтақаи Аралро минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологӣ эълон кард.

Қайд гардид, ки бар пояи принсипҳои ин қатънома лоиҳаҳои зиёд дар ин минтақа таҳти татбиқ қарор гирифта, барои рушди ҳаматарафаи он шароит фароҳам оварда хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки дар мавриди рушди устувор ва ба минтақаи беҳбуди экологӣ табдил додани соҳилҳои хушкида ва атрофи Баҳри Арал Вазорати рушди инноватсионӣ ва Маркази байналмилалии инноватсионӣ  бо Барномаи рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ, Бонки рушди исломӣ, Маркази байналмилалии ICBA аз наздик ҳамкорӣ ба роҳ хоҳанд монд.

Дар конфронс ишора шуд, ки олимони варзида ва гурӯҳи мутахассисони Аморати Муттаҳидаи Араб, Хитой, Тунис, Шветсария ва Канада дар минтақаи хушкида ва атрофи Баҳри Арал корҳои пажуҳишӣ пиёда менамоянд.

Лоиҳаҳои таҳти иҷрои минтақаи назди Арал, ки ба тариқи таҷруба парвариши ҷуворимакка ва пунбаро ба роҳ хоҳанд монд, 211 ҳазор доллари амрикоиро тақозо мекунад.

Дар чаҳорчӯби натиҷагириҳои Конфронси байналмилалии Тошканд ва ба мақсади роҳандозии ҳамкориҳо дар минтақаи назди Арал ба корҳои тадқиқотӣ ва таҷрубавӣ аҳамияти хос дода хоҳад шуд. Гуфта мешавад, барои дастгирии ташаббуси Ассамблеяи Генералии СММ доир ба минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологӣ эълон шудани минтақаи нази Арал таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҷалб карда хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь