Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби Возорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳо садҳо километр роҳҳу пулҳо бо харҷи беш аз 40 миллион сомонӣ таъмиру бозсозї шудаанд.
Сардори Муассисаи давлатии “Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Кӯлоб Арабзода Хуршед ба ” Фараж” гуфт, ки аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар, худи муассиса ва дигар сарчашмаҳо айни замон таъмири 3,2 километр шоҳроњи Душанбе- Қӯлоб-Қӯлма-Қароқурум дар ҳудуди ноҳияи Восеъ идома дорад.
Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ба таъмири роҳҳо зиёд гашта, дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Кулоб 45,5 километр роҳ бо харҷи 38 милиону 348 ҳазору 630 сомонӣ пурра асфалтпўш гашта, 45,88 км роҳ ба маблағи 1 миллиону 760 ҳазору 730 сомонӣ шағалпўш шуда, 4 пул ба дарози 76 м ба малағи 671 ҳазор сомонӣ таъмир гашта, як қубур бо дарозии 60 м бо харҷи 185 000 сомонӣ аз таъмир бароварда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки омодагии Муассисаи давлатии “Хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Кӯлоб ба зимистони солҳои 2023-2024 хуб ба роҳ монда шуда, то инҷониб беш аз 85 дарсад нақшаи омодагиҳо иҷро гардида, рӯзҳои наздик омодагї ба зимистон пурра ба охир мерсад ва ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин мегардад, илова кард Арабзода Хуршед.