Соли 2023-юм ташкилотҳои қарзии молявии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба маблағи 2,6 млрд сомонӣ қарз додаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 576,1 млн. сомонӣ, ё 29,1 дарсад, зиёд мебошад. Дар ин бора Самадзода Фирдавс, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, тақсимоти соҳавии қарзҳои додашуда дар минтақа нишон дод, ки қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ 27,2%, саноат 3,9%, сохтмон 30% наклиёт 0,6%, хӯроки ҷамъиятӣ 0,1%, хизматрасони 8,2%, савдои хориҷӣ 9,1 дарсад, истеъмолот 45,0%, ва дигар соҳаҳо 2,3%-ро ташкил додааст.

– Бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар гардиш ва рушди иқтисолиёти минтақа иштирок доранд, ба санаи 31 декабри соли 2023-юм 2,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 41,9 дарсад ва 586,6 млн сомонӣ зиёд мебошад, – илова кард Самадзода Фирдавс ва гуфт, ки дар  таркиби бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои молиявӣ 94,5 дарсадро қарзҳо бо пули миллӣ ва 5,5 дарсадро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь