Дар 8 моҳи соли 2023-юм аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллии 1 шаҳру 10 ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон барои таъмири роҳҳои харобгаштаи аҳамияти маҳаллидошта 2 миллиону 271 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ дод, ки дар ин давра  тибқи Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон таҳти №639 аз ҳисоби мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар 8 моҳи соли ҷорӣ 2 миллиону 271 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои зертобеъашон маблағгузорӣ карда шудааст. Ҳамаи ин маблағҳо дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ харҷ карда шудаанд.

Гуфта шуд, ки аз ҳама кам дар ин давра барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷетҳои шаҳру ноҳияҳои Левакант 25 ҳазор сомонӣ,  Носири Хусрав 33,6 ҳазор сомонӣ,  Шаҳритус 33,1 ҳазор сомонӣ ва  Хуросон 46 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Аз ҳама бештар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 802 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён 400 ҳазор сомонӣ, Ёвон 217 ҳазор сомонӣ  Абдураҳмони Ҷомӣ 339,3 ҳазор сомонӣ, Панҷ 140 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Дӯстӣ 165 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ҷудо кардаанд.

Дар 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1977,4 километр роҳи автомобилгарди аҳамияти  маҳаллидошта  мавҷуданд, ки аз он 30 дарсадаш дар ҳолати хуб, 50 дарсадаш миёна ва 20 дарсади дигараш дар ҳолати ногувор қарор дошта,  ба таъмири асоссӣ ниёз доранд. Дар ин бора Музафар Холиқов, як масъули  Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд.

Номбурда гуфт, ки роҳҳои вайрона қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳастанд. Ба ҳар як километр роҳ ҳамагӣ 60 сомонӣ рост меояд, ки бо ин маблағ роҳҳоро таъмир кардан ғайриимкон аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь