Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо гарм омадани вазъи боду ҳаво бештари дарахтон гул карда буданд ва аз омадани баҳор мужда медоданд. Баъди гармиҳо ва ғарқи гул шудани дарахтон дубора дар ин минтақа зимистон ҳукумфармо шуд.
Сокинони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, аз ҷумла, Бохтар, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва чанд ноҳияи дигар, бо гузоштани аксҳо дар саҳифаҳои иҷтимоии худ аз ғарқи гул шудани дарахтон аз омадани баҳор мужда медоданд. Аммо дар охири моҳи феврал якбора вазъи ҳаво тағйир ёфта, маротибаи дуюм аст, ки дар ин минтақа барф меборад ва тибқи маълумоти маркази бодуҳавошиноси кишвар ин сардиҳо то охири ҳафта идома хоҳанд ёфт.
Ҳоло дарахтони ғарқи гул, пур аз барф шуда, коршиносони соҳаи кишоварзӣ мегуянд, ки ин сардиҳо ба ҳосили дарахтон бе таъсир нахоҳад буд.