Муштариёни ФҶС “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар” аз ҳаққи истифода барқ, кам не, 451 миллиону 658 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин қарз, назар ба соли 2021 ба ҷойи кам шудан, зиёд шудааст.

Раҷабалӣ Бояков, сармуҳандиси ФҶС “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар”  имрӯз дар нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, аз ин қарзҳо  5 миллиону 271 ҳазор сомониаш аз  корхонаҳои саноатӣ, 138 миллиону 166 ҳазор сомониаш аз  хоҷагиҳои пахтакор, 24 миллиону 362 ҳазор сомонӣ аз ташкилоту идораҳои буҷетӣ, 44 миллиону 477 ҳазор сомонӣ аз  кумитаҳои идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақа,  121 миллиону 705 ҳазор сомонӣ аз аҳолӣ  ва 60 миллиону 612 ҳазор сомонии дигараш аз дигар муштариён мебошад.

Номбурда ба чанд сулоли дигари намояндагони ВАО дар бораи қарзи худи мақомотҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо аз барқ, ҷаримаи шахсоне, ки барқро ғайриқонунӣ истифода мебаранд ва ба чанд суоли дигар чунин посух дод:

– Ман ин маълумотро надорам, баъдтар хаттӣ пешниҳод мекунем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь