Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 3 ҳазору 371 омӯзгор аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд. Тибқи нақша бояд 3 ҳазору 625 омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаранд.

Директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Муҳаммадҷон Шарипов ба “Фараж” гуфт, ки гузаштани омӯзгорон аз курси такмили ихтисос дар чанд ноҳия дар сатҳи паст аст.

– Панҷ  74 дарсад, Ёвон 72 дарсад, Абдураҳмони Ҷомӣ 82 дарсад,  Дӯстӣ 87 дарсад ва  Кӯшониён 91 дарсадро ташкил медиҳад. Шаҳру ноҳияҳои  пешқадам, ки омӯзгоронаш бештар аз нақша аз курси такмили ихтисос гузаштаанд Левакант 134 дарсад, Қубодиён 116 дарсад, Ҷалолиддини Балхӣ 109 дарсад ва шаҳри Бохтар 107 дарсадро ташкил медиҳад, – илова кард номбурда ва гуфта, ки нақшаи аз курс гузаштани омӯзгорон ҳамагӣ 93 дарсадро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь