Дар 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1977,4 километр роҳи автомобилгарди аҳмияти  маҳаллидошта  мавҷуд аст, ки аз он 30 дарсадаш дар ҳолати хуб, 50 дарсадаш миёна ва 20 дарсади дигараш дар ҳолати ногувор қарор дошта,  ба таъмири асоссӣ ниёз дорад. Дар ин бора Музафар Холиқов, як масъули  Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки роҳҳои вайрона  қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳастанд.Ба ҳар як километр роҳ ҳамагӣ 60 сомонӣ рост меояд, ки бо ин маблағ роҳҳоро таъмир кардан ғайриимкон аст.

Гуфта шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 639 аз ҷониби мақомоти  маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 милиону 320,6 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳо ворид карда шудаст, ки ин маблағ барои 1977, 4 км роҳҳои маҳаллӣ кофӣ нест.

Аз 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтар дар ин давра танҳо ноҳияи Вахш барои таъмири роҳҳои аҳмияти маҳаллӣ маблағ ҷудо накардаст, ки ин боиси иҷро нашудани Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 639 гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь