3-юми ноябр мусобиқаи кушоди варзишии минифутбол миёни марказҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони милитсия ҷамъбаст гардид.

Дар даври  финали шуъбаи МЗҶМ дар вилояти Хатлон  бар дастаи махсуси зудамали РМЗҶМ  бо ҳисоби 2:0 зафар карда, ғолиби ин мусобиқа гашт. Мақоми сеюмро роҳбарияти РМЗҶМ бо шикаст додани шуъбаи минтақавии РМЗҶМ дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 7:4  соҳиб гашт.

Ғолибони мусобиқаро роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Шодӣ Хуршед  бо медал ва Ҷом барои ҷойи якум дуюм сеюм қадрдонӣ кард.

Бояд гуфт, ки  ин мусобиқа тайи як ҳафта байни 12 шуъбаву РМЗҶМ  бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони милитсия баргузор гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь