Вокуниш ба матлаби «Шикояти сокини Панҷ: Милиса латукӯбам кард», ки дар вебгоҳи «Фараж» санаи 18. 08. 2021 нашр шуда буд
Рӯзи 18-уми августи соли 2021 дар вебгоҳи «Фараж» маводи интишорёфтаро таҳти унвони «Шикояти сокини Панҷ: Милиса латукӯбам кард» хондам. Дар мавод шикоят аз банда Беҳрӯз Носиров, ки корманди ШВКД дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мебошам, нашр шудааст. Муаллиф зикр намудааст, ки гӯё ман рӯзи 6-уми августи соли равон ронандаи автомобил Ботурхон Нодировро, ки қариб буд бо автомашинааш ду писарбачаи дучархаронро зер кунад, дар ҷойи номуайян латукӯб кардаам ва ӯро ба беморхона бурдаам. Аммо дар асл воқеа ба таври дигар сурат гирифта буд. Дар ҳақиқат ман 6-уми августи соли 2021, тахминан соати 20:00, бо мақсади ба хона рафтан аз ҷои кор баромадам ва ба автомашинаи шахсиам ба сӯи деҳаи Имом Машрабови ҷамоати деҳоти “Озодагон” пеш гирифтам. Ҳангоми аз кӯчаи А. Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Панҷ гузаштан як рафиқамро, ки пиёда мерафт, гирифтам. Сипас ҳангоми ба кӯчаи «60-солагии ноҳияи Панҷ» расидан, дар байни роҳ автомашинаи сабукрави тамғаи «Тайота»ро дидам, ки бо чароғи гирён меистод ва ронанда бо овози баланд ду писарбачаро суханҳои кабеҳ мегуфт. Ман автомашинаи худро нигоҳ дошта, хостам, ки ҳамчун корманди милитсия, ки вазифаи аввалиндараҷаи ман нигоҳ доштан ва ба танзим даровардани тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, аз асли воқеа хабардор шавам. Бо ҳамин мақсад аз автомашина фаромада, ба наздашон рафта, дидам, ки як марди тахминан 50-сола (баъдан фаҳмидам Ботурхон Нодиров ном доштааст), як ноболиғро дар назди ҳамроҳаш латукӯб карда истодааст. Вақте ки аз ҳодиса пурсон шудам, маълум шуд, ки писарбачаҳо аз роҳ бо дучарха мегузаштаанд ва қариб будааст, ки онҳо зери чархи мошини ронанда мемондаанд. Яке аз писарбачаҳо гуфт, ки мошин бо суръати баланд ҳаракат доштааст. Хостам, ки ронанда ва писарбачаҳоро ба шуъбаи милитсия оварда, оид ба ин масъала чораи қонунӣ андешам, аммо ронанда Ботурхон Нодиров саркашӣ карда, аз ҷои ҳодиса гурехт. Писарбачаҳо ҳам гурехтанд. Ман аниқ кардам, ки автомашинаи идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аст ва аз қафои писарбачаҳо шудам, зеро яке аз ин писарбачаҳо, бо сабаби латукӯб шуданаш, зери чашмаш ҷароҳат бардошта буд. Баъдан 300-400 метр дар кӯчаи «60-солагии ноҳияи Панҷ» автомашинаро рондам ва дидам, ки ҳамон ронанда дар пеши қубури обгузар истода буд. Вақте ки бо рафиқам ба наздаш рафтам, ӯ худро ба замин партофт. Ман ӯро бардоштам ва об додам. Гуфт, ки саломатиаш бад шудааст. Баъдан ман ӯро бо мошинам ба беморхона бурдам.
Бояд қайд кунам, ки хешовандони ронанда Ботурхон Нодиров бо аризаи шикоятӣ ба прокуратураи вилояти Хатлон ва телефонӣ ба ҳафтаномаи «Фараж» муроҷиат кардаанд, ки гӯё ман номбурдаро мавриди латукӯб қарор дода бошам. Аммо муроҷиати онҳо аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон санҷида, худи Ботурхон Нодиров бошад аз экспертизаи судӣ-тиббӣ гузаронида шуд. Муайян гардид, ки дар бадани номбурда ягон аломати латукӯб вуҷуд надорад.
Дар хусуси он ки гӯё модари ман ба ронанда Ботурхон Нодиров барои муолиҷааш як қисми маблағи пулии хароҷоти дорувориашро дода бошад, ман хабар надорам. Вале ҳамчун инсон шояд бо сабаби камбизоат будани Ботурхон Нодиров модари ман ба ӯ каме маблағ дода бошад.
Вокуниши корманди ШВКД дар ноҳияи Панҷ Беҳрӯз Носиров ба матлаби нашршуда дар вебгоҳи “Фараж” дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ҷабрдида Ботурхон Надиров дар сӯҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, вазъи саломатиаш каме рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ӯ иброз дошт, ки пас аз хоҳишҳои зиёди ҷониби дигар, шикояташро аз Прокуратураи ноҳия пас гирифтааст ва Носировро бахшидааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли равон ҳамсари Ботурхон Надиров, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иддао карда буд, ки муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳия Беҳрӯз Носиров шавҳарашро шадидан латукӯб кардаасту бо гузашти 12 рӯз мақомоти интизомии ноҳияи Панҷ нисбат ба корманди милиса чораи қонунӣ наандешидаанд. Ба қавли ҳамсари ҷабдида Мингдона Мингилярова, дар натиҷаи латукӯб шавҳараш аз ноҳияи сар ҷароҳат бардошта, дар ҳолати вазнин, ба беморхонаи марказӣ расонида шудааст.
Худи ҷабрдида Ботурхон Надиров он замон дар ҳоле, ки ҳарф задан барояш душвор буд, дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, 55-сола аст ва дар идораи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Панҷ, ба ҳайси ронанда, фаъолият мекунад. Ҷабрдида Надиров дар шарҳи ҳолати бо ӯ рухдода гуфта буд, ки бегоҳи рӯзи 6-уми августи соли равон, замоне, ки аз кор ба хона бармегаштааст, ду писарбачаи дучархарон якбора аз пеши мошинаш гузаштаанд.
— Тормозро зер кардам. Хушбахтона, ба онҳо нарасидам. Дасту по гум кардам. Аз мошин фаромадаму онҳоро ба наздам даъват карда, насиҳат кардам, ки чаро дар роҳи мошингард боэҳтиёт нестанд ва ба ҷои мулоимашон оҳистакак яктогӣ задам. Ҳамин вақт дар наздам як мошини сабукрав истоду ронанда фаромад. Ӯ корманди шуъбаи милисаи ноҳия Беҳрӯз Носиров буд. Чизе напурсида, маро бо зурӣ ба мошинаш савор кард. Гуфт, маро ба шуъбаи милиса мебарад, вале ҷои дигар бурд. Латукӯбам кард, бештар ба қисмати сарам зад. Онҳо ду нафар буданд, аммо дуюмӣ ба ман даст нарасонд. Аз ҳуш рафтам, ӯ маро ба шуъбаи беморхонаи марказӣ оварда партофта рафтааст, — гуфта буд ҷабдида Б. Надиров.
Духтури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Хайриддин Мирзоев низ дар тамоси телефонӣ ҳолати беморро, замони ворид шудан ба беморхона, вазнин арзёбӣ карда буд, вале дар ин бора шарҳи бештаре додан нахост.
Он замон ҳамсари ҷабдида Мингдона Мингилярова гуфта буд, ки шавҳарашро дарди сар ва сарчархзанию дилбеҳузурӣ азият медиҳад. Барои табобаташ хароҷоти зиёд карда, аз дорухона қарз гирифтаанд.
-Як рӯз модари милиса Беҳрӯз Носиров омада, хабар гирифт, каме хароҷоти дорухонаро дод ва дигар ягон бор пайдо нашуд. Духтурон тавсия доданд, ки майнаи сари шавҳарамро ташхис кунем. Чанд бор ба рақами телефони модари Беҳрӯз занг задам, аммо касе ҷавоб надод. Рӯзи дигари ҳодиса (7-уми август) ба прокуратураи ноҳия рафтам ва шахсан ба назди прокурор даромада, дар бораи латукӯби шавҳарам ариза навиштам. Худи ҳамон рӯз прокурор ба беморхона омада, баёноти ману шавҳарамро гирифт, вале аз байн 12 рӯз гузашту то ҳануз ягон чора андешида нашудааст, — гуфта буд ҳамсари ҷабрдида.
Аммо худи муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ Беҳрӯз Носиров, ки ҷабрдида Надиров Б. ӯро дар латукӯбаш гунаҳгор медонад, дар тамоси телефонӣ ба “Фараж” иддаои латукӯб шудани Надировро “нодуруст” хонда, гуфта буд, ки “Дар ҳақиқат нисбат мо ҳамин хел шикоят карданд, вале ҳолати кор санҷида баромада шуд ва дар бадани шикояткунанда ягон ҷароҳат ошкор нагардид. Аз ин сабаб прокуратура қарор қабул кард”.
Аммо Беҳрӯз Носиров аз ҳолати пардохт шудани як қисмати маблағҳои дорухона аз ҷониби модараш, ки ҳамсари ҷабрдида онро таъйид мекунад, изҳори бехабарӣ карда буд.